Академияи Чандрасонаии Тоҷик
Таджикская Мультимедийная Академия

آکادمی چندرسانه‌ای تاجیک

Tajik Multimedia Academy

ПЕШГОМОН

Муҳиддин
Олимпур


 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд(идома....)


Заур
Дахте



 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.
 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. (идома....)


Нозим
Қаландаров



 Нозим Қаландаров, аз аккосони боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ 20 июни соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳри Душанбе, ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1993 таҳсилро ба поён расондааст. (идома....)


Мақсудҷон
Ҳусейнов



 Мақсудҷон Ҳусейнов 28 феврали соли 1954 дар Шурои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз фориғ шудан аз мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1971 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда (идома....)


Муборакшоҳ
Гулҷонов



 Муборакшоҳ Гулҷонов 29 июли соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ин донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм кардааст.  Аз соли 1992 то соли 1994 дар корхонаи “Тоҷикгидроагрегат” кор кардааст. (идома....)


Баҳром
Ҷалилов



 Баҳром Ҷалилов 20 феврали соли 1989 ба дунё омадааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Забонҳои форсӣ, русӣ ва англисиро медонад. Баҳром аз вежагиҳое, ки барои як аккос лозим аст, яъне ҷаҳонбинии фарох, сабки мунҳасир ба фард ва тахайюли рангин бархурдор мебошад. (идома....)


Дидор
Саъдуллоев



 Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. (идома....)


ОМӮЗИШИ ЧАНДРАСОНАӢ

ДАВРАҲО

СЕМИНАРҲО

ДАВРАҲОИ ПЕШИН

Пирӯзии аккоси тоҷик дар озмуни байналмилалӣ

 Баҳори гузашта дафтари минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) таҳти унвони «Муҳоҷирон-неруи ноаёни Осиёи Миёна» дар миёни наққошон, аккосон ва донишҷӯёни Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон озмун эълон кард. Мавзъӯи ин озмун муҳоҷират, ранҷу азоби муҳоҷирон дар ғурбат ва орзую ормони онҳо буд.

 Ин озмун аз ду бахш иборат буд: барои аккосони ҳирфаӣ ва барои донишҷӯён. Тобистони гузашта ҳайати доварон аз миёни аксҳои пешниҳодшуда беҳтарин аксҳоро интихоб карданд ва моҳи сентябри имсол онҳоро дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек ба намоиш гузоштанд.

 Қарор аст дар оянда ин аксҳо дар дигар шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна ҳам намоиш дода шаванд. Дар бахши «Донишҷӯён» аксҳои гирифтаи Алмосбек Дуйшебоев ва Роҳат Сагинбек аз Қирғизистон аз беҳтаринҳо дониста шуданд. Дар миёни аккосони ҳирфаӣ Элёр Неъматов, аккос ва мустанадсоз аз Узбекистон, Дидор Саъдуллоев, аккос аз Тоҷикистон ва Диана Миндубоева, аккос ва тарроҳ аз Узбекистон пирӯз ба даст оварданд.

 Дидор Саъдуллоев, ки дар ин озмун ҷойи дуюмро гирифтааст, се сол дар Маскав муҳоҷир буд. Ӯ аслан барои таҳсил дар давраҳои омӯзишии аккосӣ ба пойтахти Русия рафт, аммо барои таъмини харҷи зиндагиаш ночор дар бозор ба фурӯши атр ва ҳаммолӣ (боркашӣ) машғул шуд. Ҳамзамон бо нашрияҳои маҳаллӣ ба унвони аккос ҳамкорӣ мекард. Аксҳояш бештар аз зиндагии ҳамватанони муҳоҷираш ҳикоят мекунанд.

 Дидор Саъдуллоев ҳоло дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад. Вай мехоҳад дубора ба Русия биравад, на ба унвони муҳоҷир, балки барои кори аккосӣ. Аммо бештари ҳамватанонаш барои иҷрои душвортарин корҳо дар кишвари дигаре монанди Русия розӣ ҳастанд.

 Аксҳои Дидор Саъдуллоевро, ки дар озмуни «Муҳоҷирон-неруи ноаёни Осиёи Миёна» соҳиби ҷоиза шудаанд ва лаҳзаҳое аз ҷараёни намоиши аксҳои ӯ ва барандагони дигари ин озмун дар Алмааторо ин ҷо метавонед бубинед.

































Сулҳи тоҷикон: аввалин дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул

 Рӯзи 27 июни соли 1997 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифони тоҷик дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро дар ҳузури Дитриш Меррем, намояндаи вижаи дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид ва намояндагони кишварҳо ва созмонҳои нозир ба имзо расонданд.

 Ин тавофуқ ба ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки соли 1992 оғоз ёфта буд, поён дод. Раванди музокироти сулҳ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома дошт. Роҳи расидан ба ин паймон сахту ноҳамвор буд.

 Дар ин муддат ҳайатҳои расмии давлату мухолифон ва гурӯҳҳои коршиносон борҳо бо ҳам дидору гуфтугу карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари даргузаштаи иттиҳоди неруҳои мухолифон шаш бор бо ҳам мулоқот карданд. Аввалин дидори онҳо аз 17 то 19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор шуда буд.

 Он замон Бурҳониддин Раббонӣ зимоми қудрат дар Афғонистонро дар даст дошт. Ҳайати давлатро дар ин сафар бархе аз хабарнигорони расонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ мекарданд. Муҳиддин Олимпур, ки он солҳо хабарнигори бахши форсии родиёи Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд, яке аз онҳо буд. Ӯ моҳи декабри ҳамон сол дар шаҳри Душанбе ба зарби гулула кушта шуд.

 Ҳоло дар оршиви ин аккоси фақиди тоҷик садҳо аксу видео аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон маҳфуз аст. Конуни байналмилалии Муҳиддин Олимпур мехоҳад аксҳо ва тасовири оршиви ӯро дар ин вебсойт мунташир кунад.

 Ин аксҳоро Муҳиддин Олимпур дар ҳошияи аввалин дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифони тоҷик дар шаҳри Кобул гирифтааст.

Олбуми аксҳои Муҳиддин Олимпур дар сайти форсии Би-би-сӣ


Намоиши аксҳои Заур Дахте дар Ишқободи Туркманистон

 Дар чорчуби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон, аз 14 то 16 июни соли 2017 дар осорхонаи миллии ҳунари наққошии Туркманистон дар шаҳри Ишқобод намоиши аксҳои Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур таҳти унвони “Тоҷикистони муосир” баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ беш аз 70 акси устод Дахте гузошта шуда буд, ки манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон, чеҳраҳои мардум ва осори таърихию меъмории кишвари моро дар бар мегирифтанд.

 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 12 то 17 июн идома ёфт. Ба ҷуз аз намоиши аксҳои Заур Дахте ва осори наққошони тоҷик дар шаҳрҳои Ишқобод ва “Лаби об”-и вилояти Туркманобод, чаҳор барномаи консертии устодони ҳунари тоҷик, намоиши либосҳои миллӣ ва филми «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов, коргардони ҷавони тоҷик баргузор шуд.

 Чанде аз аксҳои Заур Дахтеро аз ин намоишгоҳ ин ҷо бубинед.
























Намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур дар Кохи Ваҳдат

 2 Майи соли 2015 дар Кохи Ваҳдат намоиши аксҳои Муҳиддини Олимпур баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ 40 акси ин хабарнигор ва аккоси фақиди тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Яке аз вежагиҳои осори Муҳиддин Олимпур аккосии чеҳраҳои шинохтаи ҳунарӣ ва фарҳангии Тоҷикистон буд. Дар миёни осоре ки ба намоиш гузошта шуданд, аксҳое аз Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Гулрухсори Сафӣ ва Малика Қаландарова буданд. Дар бахши дигари аксҳо манзараҳои зебо ва нотакрори табиати Тоҷикистонро дидан мумкин буд. Бархе аз аксҳо бинандаро ба сайри Самарқанду Панҷруду Мазори Шариф мебурданд. Барои аввалин бор дар намоишгоҳи осори Муҳиддин Олимпур аксҳое аз ҳаводиси даврони ҷанги дохилӣ ҳам гузошта шуданд. Ин осор бозгукунандаи таърихи нахустин солҳои истиқлоли Тоҷикистон буда ва бинандаро водор мекунанд то ба ангезаҳои бурузи ҷанги дохилӣ ва паёмадҳои ногувори он бияндешад.

 Даҳҳо нафар аз хабарнигорону масъулони расонаҳо, намояндагони бархе созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷӣ аз намоишгоҳ дидан карданд. Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Заур Дахте, узви раёсати Конуни байналмилалии Олимпур, Нуриддин Қаршибоев, раиси Иттиҳодияи расонаҳои мустақил ва раиси шурои расонаҳои Тоҷикистон, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Мардони Муҳаммад, аз ҳамкорони Муҳиддини Олимпур суханронӣ карданд ва хотироти худро дар бораи шахсият ва вежагиҳои ҳунари Муҳиддин баён доштанд. Гуфта шуд, ки ин аксҳо муште аз хирвор аст ва дар оянда осори дигаре аз Муҳиддин Олимпур ба намоиш хоҳад даромад. Масъулони Конуни байналмилалии Муҳиддин Олимпур таъкид карданд, ки то ҳоло беш аз 6 ҳазор неготивро аз бойгонии Олимпур ба шакли элуктруник дароварданд ва ин корро дар оянда низ идома хоҳанд дод.

 Ҳамчунин дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи осори Муҳиддин Олимпур эълом шуд, ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки ҳамасола 3 Май ҷашн гирифта мешавад, Конуни байналмилалии Oлимпур сойти интернетии худро бо номи Академияи чандрасонаии тоҷик (www.tajikmultimedia.org) роҳандозӣ кардааст. Ҳадафи ин кор шиносондани навовариҳо ва густариши фунуни чандрасонаӣ ва омӯзиши он ба вижа ба насли ҷавон ва низ беҳтаринҳои ҳунари аккосии тоҷик унвон шудааст.

 Намоиши осори Муҳиддин Олимпур дар ҳошияи конфаронси “Чолишҳои нав дар арсаи озодии баён дар Тоҷикистон” баргузор шуд,ки ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ихтисос дошт. Ин конфаронсро бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари САҲА дар Душанбе, Конуни байналмилалии Олимпур, намояндагии Институи гузоришгарӣ дар бораи ҷанг ва сулҳ, ҳайати Иттиҳодияи Урупо ва шӯъбаи Интернюз Нетворк дар Тоҷикистон баргузор карданд.

 Аксҳои зеринро аз расми ифтитоҳи намоиши осори аккосии Муҳиддини Олимпур дар Кохи Ваҳдат Муборакшоҳ Гулҷонов, аккоси варзидаи тоҷик ва узви раёсати Конуни байналмилалии Муҳиддин Олимпур гирифтааст:

















 Видеои намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпурро ин ҷо бубинед:

 Ин гузориши видеоиро дар бораи намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпур хабарнигорони бахши тоҷикии родиёи Озодӣ дар Душанбе таҳия кардаанд:

Ёде аз Муҳиддин Олимпур дар рӯзи озодии сухан


Бобо Абдуллоҳ ҳануз ҳам ароба мекашад...

 Солҳо пеш бобо Абдуллоҳ дар паи Юсуфи гумгаштааш буд. Юсуфи ӯ пайдо шуда, аммо ӯ ҳамчунон дар бозор ароба мекашад. Аҳмадшоҳи Султон ба дидани ӯ рафтааст.