Академияи Чандрасонаии Тоҷик
Таджикская Мультимедийная Академия

آکادمی چندرسانه‌ای تاجیک

Tajik Multimedia Academy

ПЕШГОМОН

Муҳиддин
Олимпур


 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд(идома....)


Заур
Дахте



 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.
 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. (идома....)


Нозим
Қаландаров



 Нозим Қаландаров, аз аккосони боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ 20 июни соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳри Душанбе, ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1993 таҳсилро ба поён расондааст. (идома....)


Мақсудҷон
Ҳусейнов



 Мақсудҷон Ҳусейнов 28 феврали соли 1954 дар Шурои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз фориғ шудан аз мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1971 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда (идома....)


Муборакшоҳ
Гулҷонов



 Муборакшоҳ Гулҷонов 29 июли соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ин донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм кардааст.  Аз соли 1992 то соли 1994 дар корхонаи “Тоҷикгидроагрегат” кор кардааст. (идома....)


Баҳром
Ҷалилов



 Баҳром Ҷалилов 20 феврали соли 1989 ба дунё омадааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Забонҳои форсӣ, русӣ ва англисиро медонад. Баҳром аз вежагиҳое, ки барои як аккос лозим аст, яъне ҷаҳонбинии фарох, сабки мунҳасир ба фард ва тахайюли рангин бархурдор мебошад. (идома....)


Дидор
Саъдуллоев



 Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. (идома....)


ОМӮЗИШИ ЧАНДРАСОНАӢ

ДАВРАҲО

СЕМИНАРҲО

ДАВРАҲОИ ПЕШИН

Бунёди Муҳиддин Олимпур: Ҷоиза барои фотожурналистони ҷавон

   Дар озмуни фотожурналистони ҷавон, ки Бунёди байналмилалии Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе баргузор кард, Ҷоизаи аввал ба Сурайё Хонова, хабарнигори родиои “Овози тоҷик” барои таҳияи мавод дар бораи мактаб интернати рақами 1 шаҳри Душанбе дода шуд.

  Номи барандаи ин ҷоиза имрӯз дар поёни давраи омӯзишии панҷрӯза барои фотожурналистони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа эълом гардид. Дар ҷараёни ин давраи омӯзишӣ фотожурналистони ҷавон бо усул ва наҳваи кори аккосии дижитол, сабти садо, гирифтани видео бо телефони ҳамроҳ ва муқаррароти қонунҳо дар бораи фотожурнализм ошно шуданд. Онҳо ҳамчунин дар бораи равандҳои нав дар расонаҳои Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои ғарбӣ иттилоъ гирифтанд.

  Бунёди байналмилалии Олимпур ин давраи омӯзиширо бо кумаки Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва нашрияи интернетии “Ҷадид Онлайн” баргузор кард.

  Ин давраи омӯзишӣ сеюмин давраи рӯзноманигории чандрасонаӣ ва фотожурнализм аст, ки Бунёди Муҳиддин Олимпур баргузор мекунад. Ҳадафи ин Бунёд гиромидошти хотираи Муҳиддин Олимпур, аккос ва хабарнигори тоҷик ва осори ӯ ҳаст. Аз соли 2007 то ҳоло беш аз 40 аккос ва хабарнигор тавонистанд маҳорату малакаи ҳирфаии худро беҳтар карда ва бо таҷрубаи муосир дар бахши рӯзноманигории чандрасонаӣ ошно шаванд.

  Девид Мортон, узви собиқи шӯрои мудирони Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ ва узви ҳайати раёсати Бунёди байналмилалии Олимпур гуфт:“ Талош ва ибтикороти фотожурналистони ҷавони тоҷик, ки дар ин давра ширкат карданд, маро таҳти таъсир қарор дод.” Девид Мортон афзуд: “Мояи ифтихори худ медонам, ки Бунёди Олимпур ба рушди касбии фотожурналистони ҷавони тоҷик кумак мекунад.”

  Заур Дахте, наворбардор ва аккоси шинохтаи тоҷик, узви Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва узви ҳайати раёсати Бунёди Олимпур гуфт: “Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ эътибори Бунёди Олимпурро боло мебарад. Фотожурналистони ҷавони мо на танҳо маҳорати аккосии худро такмил доданд, балки барои онҳо имконе фароҳам шуд то бо ҳамдигар аз наздик ошно шаванд ва шабакаи касбии худашонро эҷод кунанд.”

  Нозимҷон Қаландаров, барандаи Ҷоизаи хабаргузории Рейтер дар бахши “Акси Сол” гуфт, “аксари фотожурналистони ҷавони ширкаткунанда дар ин давра алоқаманди беҳтар ёд гирифтани ҳунари аккосӣ ва наҳваи виростории аксҳои гирифтаашон дар барномаҳои мухталифи компютерӣ буданд.”

  Боқири Муъин, мудири Ҷадид Онлайн ва узви ҳайати раёсати Бунёди Олимпур яке аз раҳбарони давраи омӯзишӣ буд. Ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки “Бунёди Муҳиддин Олимпур дар рушди аккосӣ ва рӯзноманигории чандрасонаӣ дар Тоҷикистон нақши муҳиме ифо мекунад. Боқир Муъин афзуд: “Ин нукта ҳам муҳим аст, ки ба шарофати фаъолияти Бунёди Олимпур, зебоиҳои табиати Тоҷикистон ва ҷаззобиятҳои фарҳангии он дар арсаи фарҳанги ҷаҳонӣ бештар матраҳ мешавад. ”

  Заур Дахте ва Нозимҷон Қаландаров чанд машғулият баргузор карда ва ба ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ машваратҳои амалӣ доданд.

  Ҷоизаи дуюми Бунёди Олимпур ба Фаррух Қосимов, аккоси мустақил барои маводи “Душанбеи кухна ва нав” дода шуд. Ҷоизаи сеюмро Аҳмадшоҳи Султон, корманди вебсайти “Рӯзгор”, барои маводи “Рӯзгори як Муйсафеди Аробакаши Тоҷик ба номи Бобои Абдуллоҳ ” ба худ ихтисос дод.

  Бунёди Олимпур бо фароҳам шудани имконоти молӣ ният дорад озмуни фотожурналисти ҷавонро ҳар сол баргузор кунад. Иттилоъоти бештарро дар бораи фаъолиятҳои Бунёди байналмилалии Олимпур метавонед аз сойти интернетии ин Бунёд ба нишонии Академияи Чандрасонаии Тоҷик пайдо кунед.