Муҳиддин Олимпур

Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд. Таҳсил дар ин омӯзишгоҳ чашми Муҳиддинро ба дунёи нафосат ва зебоӣ боз кард ва ӯро ба сӯйи орзуҳои нав раҳнамун сохт. Баъд аз поёни таҳсил Муҳиддин ба унвони аккос ва тарроҳ дар рӯзномаи ҷавонони вақт, ки "Комсомоли Тоҷикистон" ном дошт, ба фаъъолият шурӯъ намуд ва ҳамзамон дар бахши шабонаи Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба таҳсил идома дод.

Ҷавоне орзупарвар бо нерӯи тамом ба кори матбӯъот камар баст. Муҳиддин акси садҳо инсони некноми дунёи илму адаб ва ҳунарро дар сафаҳоти рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои мухталиф бо шеваи хосси як фарди ҳунарманд мунташир кард. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муъаррифӣ шуд. Фаъъолият дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" дар такмили ҳунар ва истеъдоди Муҳиддин таъсири бузурге гузошт ва дар корномаи ӯ сафҳаи дурахшонеро боз кард.

Ба унвони як шахсияти фарҳангӣ ӯ ҳаводор ва мубаллиғи чеҳраҳои нодири фарҳанг ва ҳунари форсизабонон дар Тоҷикистон гардид ва машҳур шуд.

Беҳтарин нигоштаҳо ва мақолаҳои Олимпур дар китобҳои "Чаҳорбоғи гулҳо", "Роҳнамои аккосӣ", "Тӯшаи чашм", "Ишқ фарёд кунад", "Эрон бӯйи модар медиҳад" ва ғайра гирд омадаанд. Ӯ бо муҳаббат ва самимияте хос дар бораи сарнавишти ҳамзабонони хеш, ки бо амри тақдир дар гӯшаву канори дунё пароканда шудаанд, қисса карда ва бад-ин васила бузургӣ ва меҳри ватанро бештар таҷассум сохтааст.

Муҳиддин ба унвони беҳтарин рӯзноманигор ба дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ шарафёб гардида буд. Солҳои ахир ҳамзамон бо кор дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" хабарнигори бахши форсии родию Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд. Воқеъияти ҳаводиси Тоҷикистонро барои форсизабонони ҷаҳон гузориш медод ва ҳамеша талош мекард мардуми дунё ин кишварро бештар бо ҳунару фарҳангаш бишносанд.

Шаби 13 декабри соли 1995 ӯ ба сурате фаҷеъ дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.

Муҳиддин Олимпур
Тарҳҳои мо

Семинор ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон/аккосони тоҷик

Writings
Multimedia Journalism