Рисолат

Конуни Байналмилалии Олимпур дар соли 1996, пас аз фавти Муҳиддин Олимпур, аккос ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва хабарнигори Би-би-сӣ дар он мақтаъи замон, ҷиҳати гиромидошти ёди ӯ бунёнгузорӣ шуд.

Конуни Олимпур дар ибтидо барои ҳифозат аз ва нигаҳдории бойгонии Муҳиддин Олимпур, ки иборатанд аз ҳазорҳо акси арзишманди таърихӣ ва фарҳангӣ, ки қаблан дида нашудаанд, таъсис ёфт.

Яке аз аҳдофи дигари Конуни Байналмилалии Олимпур кумак ба тарвиҷи рӯзноманигории аккосӣ ва чандрасонаӣ дар Тоҷикистон аст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти беш аз пеши Интернет ва вебгоҳҳо дар зиндагии рӯзмарраи мо ва ҳамчунин наҳве, ки мо хабарҳоро мебинем ва дунбол мекунем, рӯзноманигории чандрасонаӣ барои барӯз кардани мардум бо тозатарин ахбор ва мақолот ҳаётӣ шуда.
Агарчи рӯзноманигории чандрасонаӣ ҳанӯз дар Тоҷикистон маъруф нашуда, ояндаи рӯзноманигорӣ дар он аст. Чандрасонаӣ ба хотири тавсеъаи бештари рӯзноманигорӣ ва озодии матбӯъот бояд тарвиҷ гардад. Ба ҳамин далел, ин бунёд давраҳои омӯзишии чандрасонаӣ баргузор карда, ки навъи ҷадид, вале муҳимми рӯзноманигориро барои рӯзноманигорони ҷавон ва умедворкунанда муъаррифӣ кард.

Муҳиддин Олимпур
Тарҳҳои мо

Семинор ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон/аккосони тоҷик

Writings
Multimedia Journalism