Лоиқ Шеръалӣ

Дошт дар ойинаи чашмони худ
Аксҳои гунагуни гунаи мову шумо
Аксҳои зиндагии русиёҳро,
К-андар он мезист навъе бо мадоро.
Дошт андар дурбини дидагонаш,
Аксҳои нағзу рангини замона,
Гарчи ҳам медид он миқдор ҳам гӯё намедид,
Лаккаҳои шармовар,
Доғҳои зишту нангини замонаро.
Дошт, оре дар булӯри дидагонаш
         акси моро
Бурд ҳам андар булӯри дидагонаш
         акси морову шуморо.
акси авзоъи замона,
Акси ёрони дилашро,
Акси фарёди дарунаш
         акси тӯфони дилашро.
Лек аз ин дунёи баттолу
         аз ин айёми қаттол
Дар булӯри дидагонаш...

Муҳаммад Осимӣ

Ман мехоҳам як-ду хислати ӯро хотирнишон кунам. Аввал ин ки ӯ шахсе ватанпараст ва миллатдӯст буд. Зебоиро парастиш мекард. Чашми Муҳиддин диде хос дошт. Зебоиро метавонист пайдо ва тарғиб кунад. Вай тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно мекард ва форсизабононро ба тоҷикон. Ӯ як тафаккури...

Аскар Ҳаким

Вақте ки Муҳиддин ҳамкори мо буд, мо аз интишори нуфузи ӯ, муҳаббати ӯ, аз шуҳрати ӯ дар байни ҷаҳониён воқиф будем. Акнун, баъд аз ин, ба фикри ман, эҷодиёти Муҳиддин Олимпур, аксҳояш, наворҳое, ки бардоштааст, филмҳое, ки сохтааст, китобҳое, ки ба чоп омода кардааст ва навиштааст, ҷовидона хоҳанд буд. Ин байти...

Гулназар

Муҳиддин... чанд қадам пеш зиндагӣ мекард, зеро фарорасии баҳорро аз турнаҳо пештар эҳсос мекард. Ӯ пеш аз ҳамагон ба ман муждаи баҳорро меовард ва ин байт зодаи ёди он рӯзҳост:

Аз чи баъди хазони Олимпур
Роҳи худро баҳори ман гум кард?!


Ҳоло қалами ман борҳо ба ёди ӯ хоҳад гирист...

То булӯри хоби мурғон нашканад, эй дӯст
Ту кафан кардӣ садои тирро,
         бо хеш бурдӣ.
То саҳар – ин духтари...

Қурбон Восеъ

Воқеъан ман ӯро рӯзноманигоре дарёфтам басо корварзидаву пухта. Он чи ӯ ба дарк мегуфту эҳсос мекард барои дигарон муъаммо буданду гоҳо чизи бисёр одӣ менамуданд. Омӯзиши ҳамин гуна чизҳои одиву қаторӣ ба назарам барои дарёфтани ахбори муҳим марҳилаи тозаеро ифшо менамуд. Аз ин рӯ рӯзноманигори хушсалиқа, Олимпур, дар омӯзиши...

Аълохон Афсаҳзод

Баъди он ки Муҳиддин риш монду фомилиашро аз Олимов ба Олимпур иваз кард ва дар мӯйи сару сибил ва риши ӯ чанд тори мӯйи сафед пайдо шуд, Муҳиддин ба як шахсияти мумтозу солор ва арбоби ҳақиқатан фарҳангӣ табдил ёфт. Ин тағйирот барои Олимпур фақат иваз кардани ном ва тағйир додани сурат набуд, ин дигаргунӣ зоҳирӣ ва аз рӯйи ҳавову ҳавас ҳам набуд. Ин дигаргунӣ натиҷаи таҳаввули рӯҳонӣ, шинохти ҳувият ва дарёфти пайванди хешутабории ирқӣ, нажодӣ ва маънавии ӯ бо мардуми Эрони Бузурги Бостонӣ буд.

Ҳамза Камол

Муҳиддин Олимпур фасли баҳору пойизро хеле дӯст медошт ва бо дурбини аккосиаш ношикебо интизорашон мекашид. Гӯиё танҳо ин ду фасли Худо барояш вуҷуд дошту бас. Аз ҳар шукуфоиву хазоне бардошти дигаре дошт. Ин таҷдиди назар набуд, на! Балки он нафосату зебое, ки агар дар баҳору пойизи сипаришуда бо эҳсоси қалбаш ҳамсадо намегашт, онро дар дигараш ҷӯё мешуд. Зебоиро на танҳо бо чашми...

Дейвид Муртун

Муҳиддин ошиқи зиндагӣ буд. Зираку ҷӯё буд ва аз фурсате барои густариши уфуқҳои огаҳии худ ба бархӯрдорӣ аз озодӣ баҳра мегирифт. Аз русто ба шаҳр кӯчида буд ва бо нависандагон, донишмандон, ҳунарпешагон, наққошону рӯзноманигорон нишаста бархост ёфта буд. Ҳангоме, ки замина фароҳам шуд, ба Афғонистон, Эрон, Инглистон ва Омрико сафар кард. Аммо он зиндагие, ки ӯ дӯст медошт, зиндагие буд, ки дар Тоҷикистон шинохта буд. Ошиқи фарҳанги ин миллат буд. Аз ошуфтагии солҳои баъд аз фурӯпошии қудрати Шӯравӣ филм бардошт ва бойгонии беназире ба вуҷуд овард...

Боқири Муъин

Бо садои шефта ва лаҳни тоҷикӣ сухан мегуфт. Ӯ нахустин кас гумонам аз Душанбе буд, ки на парво дошт аз сармои тарси ҳоким бар шаҳр ва на аз гуфтан ибое дошт. Қиссагӯйи ғуссаҳо ва орзуҳо буд. Дар миёни ҳамзабонон низ танҳо буд. Шодмониҳо ва ғамҳоро бо такопӯ, шӯр, гоҳе ҳасрат ва ташвиш бозгӯйӣ мекард. Гӯиё фаҳмида буд аз пеш, ки нахоҳад зист асре бас дароз ва дур. Лаҳзааш соъат буд ва ҳар соъаташ як рӯз. Киф бар шона, дурбине ва китобе ва чароғе дошт. Дурбин, то ҳолро дар хотири таърих биспорад ва китобе, то ки аз пешиниён хонад. Бо чароғи биниш, ки рӯ ба фардо буд, оламе медид ва дар он одаме беҳтар...

Аҳмад Карими Ҳаккок

...ба сафаре, ки барояш дар сартосари Омрико тартиб дода будем, рафт. Ба қавли худаш, "Чизе, ки мо дар ин сафар надидем, омрикоӣ буд; чаро ки аз оғӯши як эронӣ ба оғӯши эронии дигар меуфтодем." Моҷарои ин сафари пурборро Муҳиддин дар сафаргуфтаҳояш боз гуфтааст. Ва ин навор чи ёдгори гӯёест бар ин муддаъо, ки...

Доро Наҷот

Дареғо,
дареғи гулугнсавории Олимпур,
ки хуршедии пӯяҳои хингзевараш
аспрези тулӯъе
         фарҳангиро
гулҷӯш карда буд
аз озарахши афранги ориё.
ӯ,
дар сиёҳтарин зулмати замон
бӯйи рӯшноӣ мекард,
ва дар яхчарези айём
то гарм кунад моро,
аз чароғаки гулҳои маънавӣ шуъла мечид.

Фарзона

Дигар барои кӣ анвар метанад хуршед,
Дигар барои кӣ олам карашмазор шавад.
Фарри ҷабини ту мағлуб мекунад шабро,
Садои ту шунавад об, беқарор шавад.
Даруни зарфи булӯрин, ки туҳфаам кардӣ,
Вуҷуди нозуки гул худ ба худ фигор шавад.
Кунун балӯри само дар сарам шикаст, эй дӯст,
Дили булӯрии ман қандили мазор шавад.

Бобо Ҳоҷӣ

Бе шеър нафас намекашид ӯ,
Бе созу суруд раҳ намерафт.
Доим ба сари баланд мегашт,
Пеши вузарову шаҳ намерафт.

Наққоши муқаррарӣ набуд ӯ,
Дар мактаби хосса кор мекард.
Бо решаи хешу пешаи хеш,
Ҳам ноз, ҳам ифтихор мекард.

Бо аҳли қалам пой дар пой,
Дар пеши саффи ҳаёт мерафт.
Пойи ҳунараш ба санг бархӯрд,
Ҳарчанд ба эҳтиёт мерафт.

Баҳори Хуррамзод

Муҳиддин инсоне буд, ки дар шахси ӯ шарофатмандии шарқиёна бо илтифоти ғарбӣ омезиш ёфта ва симои ӯро ҷозибаи хоссае ато менамуд. Дар суҳбати ӯ кас худро комилан озод ҳис мекард. Хоҳ рӯзи байналмилалии теотр, хоҳ ҷашнвора ё интишори як мақола ҳатман занг зада, табрик мегуфт ва баъзан таъкид мекард, ки хеле кам менависам, пуркор бояд буд. Ҳамеша кӯшишу ғайрат, шавқу ҳавас, меҳри саршори Муҳиддинро дида, аз таҳти дил қоил мешудам. Ба ростӣ, шавқи беғубори кӯдакона ва эҳсоси волое дошт!

Мансур Суруш

Аслан ӯ шоъир буд, шоъире бо дастгоҳи аккосӣ. Гулгашту кӯчаҳои Душанбе баъд аз сари ӯ гӯё ки холӣ шуданд. Душанбее, ки баъд аз сафарҳои тӯлониаш ҳамеша ба инҷо мешитофт ва акнун дар инҷо ба қавли як шоъири ҷавон "гургони биёбонӣ гаштанд хиёбонӣ". Гургони ниқобпӯш, ки дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр беҳтарин фарзандони миллатро шикор мекунанд. Чи қадар инсонҳои покдилу нексиришт туъмаи ин гургони хунхор шуданд?!

Ҳалим Абдулло

Кунсерти Саттор[, ки ба ибтикори Би-би-сӣ ва кӯшишҳои Муҳиддин Олимпур баргузор шуд,] дар фазои гарми солун ва муҳаббати тамошобинонаш доир гашт, гулборонҳо ва бӯсаборонҳои мухлисон он чунон зеваре ба шерозаи он рӯзҳои хотирмон зад, ки ба як они воҳид он ҳама такопӯйҳо ва асабхаробиҳо, ки Муҳиддин барои гарм кардани солун мекарданд, аз ёдашон рабуд.


Ин лаҳзаҳо, ки ин сатрҳо аз хома рӯйи коғаз мераванд, суханҳои батакрор гуфтаи Саттор дар он рӯзҳои ҳунарнамоиаш ба ёдам меуфтад: "Ин оқои Олимпурро ин ҷурӣ велаш накунед, биравад. Ин марди бузургест барои шумо. Барои ин ки воқеъан барои овардани мо ба инҷо хеле заҳмат кашида. Ман ба саҳми худам аз эшон ташаккур мекунам. Хеле мамнун, оқои Олимпур."

Тӯраҷи Атобакӣ

Ҳанӯз парчами сурхро дар хоки Шӯроҳо ба замин накашида буданд, ки бо Муҳиддин Олимпур дар Душанбе ошно шудам. Ӯ шояд нахустин тоҷик буд, ки пасванди "ов"-ро аз номаш андохта буд ва ба ҷояш "пур"-ро нишонда буд. Муҳиддин дар амал бештар нақши кордори фарҳангии ҳавзаи тамаддуни форсизабононро ба уҳда дошт. Ӯ дар [барномаи телевизиюнии "Ситораҳои Шарқ"] бо зиракӣ ва дарояти фарҳангӣ Аҳмад Зоҳири афғонистониро бо Гугуши эронӣ ба суфраи тоҷикон мехонд ва аз ҳар ду пуле барои наздикии ҳар чи бештар месохт.

Сайид Муҳиддин

Шахсияти Олимпурро мебояд дар робита бо он замонаи пур аз оғози равандҳои мутаззоди таҳаввул баррасӣ кард. Ва ӯ низ яке аз оғозгарон буд. Ӯ буд, ки мисли рафтори худ нарму мулоим ва ба тадриҷ ба мо гуфт: мо кӯчаку хурд нестем, абъоди мо ҳам ба умқ ва ҳам ба арз васеътар аз он аст, ки мебинем. Баъзеи мо бонг задему чизе накардем, аммо ӯ бонг назад ва хомӯшу оҳиста дар роҳи орзуҳои мо гом бардошту натиҷаи кораш аз хелеҳо судмандтар ва расотар шуд.

Дориюши Раҷабиён

Ман ӯро ҳамеша мешинохтам ва ҳамеша Олимпур барои ман як шахсияти мармуз буд. Вай ба ҳамагон намемонист ва ҳамранги анбӯҳ набуд. На танҳо ному намову лаҳҷаи дилнишинаш вайро аз дигарон мутамоиз мекард, балки ангор Худованд ӯро аз гиле дигар сиришта буд ва даме дигар бар вай дамида буд. Ниҳоде дигар дошт. Мӯриёнавор намезист, балки баҳонаҳои қашанге барои зистан дошт. Аз пучгароӣ парҳез мекард ва дилашро бо ишқу авотиф саршор сохта буд. Аҳдофи зебое дошт ва барои расидан ба ин ҳадафҳо бебокона роҳ мепаймуд ва ба "дидори диёри орзуҳо"-яш расид, ба он домоне, ки "бӯйи модар медиҳад."

Ман ӯро ҳамеша мешинохтам ва ҳамеша Олимпур барои ман як шахсияти мармуз буд. Вай ба ҳамагон намемонист ва ҳамранги анбӯҳ набуд. На танҳо ному намову лаҳҷаи дилнишинаш вайро аз дигарон мутамоиз мекард, балки ангор Худованд ӯро аз гиле дигар сиришта буд ва даме дигар бар вай дамида буд. Ниҳоде дигар дошт. Мӯриёнавор намезист...

Ҷонотон Ротман

Муҳиддин садои мустақилле буд дар Тоҷикистон. Ӯ ҳам дар зоҳир ва ҳам дар нерӯи офаринанда аз зиндагӣ бузургтар буд. Гӯё рӯҳи Чорлз Дикенз дар ӯ ҷон ёфта буд. Ӯ аз ҳамкорӣ бо Би-би-сӣ ифтихор мекард. Дӯстони бас фаровонаш дар дохил ва хориҷ аз кишвараш сӯгвори ин марди маҳбуб хоҳанд буд – марде, ки мазҳари навофаринӣ буд.

Озарахш

Хез, Олимпур!
Чашмҳои ҳозирон акси туро дорад,
Ашкҳои модарон акси туро дорад,
Нолаҳои ошиқону
         шеърҳои шоъирон акси туро дорад.
Ҳар замоне акси мардумро
Мекашидӣ бар навори аксбардорат,
Бехабар будӣ, ки акси ту
Мефитад бар дидаи мардум
Чун навори аксбардорат.
Хез, Олимпур!
Акси худро бар навори обшорон бин,
Дар нигоҳи дӯстдорон,
         дар хиёли рӯзгорон бин.
Хезу бингар,
         тоҷикони рӯйи дунё рӯзи марги ту
Қатра-қатра ашкборон ҷамъ меоянд,
Обҳои пора-пора
         аз парешон ҷамъ меоянд,
Дар Душанбе ҳамроҳи Варзоб,
Дар Бухоро чун Зарафшон ҷамъ меоянд.

Меҳриннисо

Ҷуз нек дар сиришти ту чизе надидаам,
Ҷуз хайру манфиъат ба кас роҳе набурдай.
Зебопарастӣ гар бувад "ҷурму гуноҳ"-и ту,
З-ин маърака ту бо риё ноне нахӯрдаӣ.

Ҷонро ба каф гирифтиву дилро чароғи роҳ,
Ту марзҳои дилбариро тай намудаӣ.
Бо шуълаи нигоҳи худ дар мулки...

Мухтори Боқизода

    Нозукбинӣ, нуктасанҷӣ ва ҳалимгуфтории Олимпур танҳо хосси ӯ буд. Ҳамаи ин дар рафтор, гуфтор ва нигоштаҳояш нақш дорад.
    Чароғи рӯшаниафкане ки ӯ бо гирудорҳои зиёд рӯғанаш рехт, кош рӯшангари хони маъонии афроди закию хирад бар сари мардуми точик бошад.
    Агарчи ҷоми умри ӯ нимашикаст, лек сеҳри килки суханофару дастгоҳи аккосиву навориаш сабти варақаи таърих гардида.
    Ӯ худ таърихе буд барои миллат. Заҳматӣ буд ва ранҷ мекашид то миллаташро дигарон бишиносанд.
    Дареғо ки чархи айём гирдгардон аст. Замоне дар синни 54-солагӣ Туғрали ширинадоро нишона ба тир сохтанд, ки баъдан симои Туғралро Муҳиддин бо як ҷустуҷӯйи хос офарид. Бехабар аз он ки рӯзе худ низ дар синни...

Муҳиддин Олимпур
Тарҳҳои мо

Семинор ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон/аккосони тоҷик

Writings
Multimedia Journalism